Шуда чун соя аз баси хоксорӣ ҷузв аъзоем

намегардад ҷудои нақши қадам чун кафш аз поем

Шабигар аз канори бом рӯй хеш бинмое

Лаболаб гардад аз маҳтоб оғӯш тамошоем

намесозад ба мисатон шишаам овози худ равшан

Ба санг серума дорад интизорӣ чашм миноем

Диҳад пайғоми навмидии каманди интизори ман

Ғуборолудаи хезад аз замин дом таманноем

Фалакро кард гирдоби ҷунуни дарёии шӯри ман

Замин чун гирдбод ояд ба рақс аз ҷӯш савдоем

Сапанд аз сӯхтан эй сидо мумтоз ме гардад

зи барқи шуълаи хуи гулдастаи бандад хор саҳроем