Бас ки ху кардаст бо кулуфти дили ғам пеша ам
Санг мегардад агар резанд май дар шиша ам
Барқам ва бар хирмани аҳл ситам дорам гузар
Ҳар куҷои хор муғелон аст бошад беша ам
Нахли сабзам аз кадомин ҷӯй обам дода анд
Сояи ман бед маҷнӯнаст сунбул реша ам
Ҳар куҷои оташ илм гардад пару бол ман аст
Нест чун мурғи кабоб аз сӯхтан андеша ам
Сидо бо кӯҳкан аз бас ки дорам нисбатӣ
Нест ғайр аз номи ширин бар забон теша ам