Ба абрӯии ту қисм ёд мекунад дили мо

Занад ба теғи ту худро гулӯии бсмли мо

Чаро ба хонаи мо беабо наме ое

Чароғи ойина гул мекунад зи манзили мо

Ба доғ бе самарии ҳамчуи лола сӯхта ем

Сапанд сабз шавад аз баҳори ҳосили мо

Тамоми умр чу занҷири зулф дар гиреҳем

Ҷунун куҷост ки ояд ба ҳали мушкили мо

Ба роҳи қофилаи умри нақш пое нест

Ба дӯши боди сабо бастаанд маҳмили мо

Ниҳодаем ба шамшери гардани таслим

Аҷал куҷост баради мужда ӣӣ ба қотили мо

Чу сидои хабар аз нек ва бад наёфта ем

Хаттӣ набарда касе дар қаламрави дили мо