Дар оғӯшам чу май оеи миёни баҳр худо бигушо
Гиреҳ аз кори ман то во шуд банд қабо бигушо
Матоъ хеш натавон кард пинҳон аз харидорон
Дукони рангу бӯ эй ғунча дар пеш сабо бигушо
Макун кӯтоҳи домони карам аз дасти муҳтоҷон
Гиреҳ аз кӣсаи зар во куну чашм гадо бигушо
Лаб барбаста гардад сади роҳи ризқ бар соил
Даҳони хешро баҳри талаб чун Асия бигушо
зи худ берун шавад пайванд ҳастиро шикастии даҳ
Миёни хешро чун не бираве бӯрё бигушо
Дам субҳаст эй соқӣ дар майхонаро вокн
Биравӣ дардмандони рахна дорушшифо бигушо
Макун дар навбаҳорони пешаи худ ғунча хусбӣ ро
Бирав дар боғ чун гули сина бар касб ҳаво бигушо
Нигаҳро гул ба доман аз баҳори субҳ перӣ кун
Чу шабнами чашми худ вақти саҳар эй сидо бигушо