Хати рухсори ту шабҳо барад аз ҳуши маро
Пари з маҳтоб шавад ҳолаи оғӯши маро
Ба тамошои ту ҳаргоҳ ки бе худ гирдам
Набз ҷанбанд ва фарёд кунад гӯши маро
Пардаи чашми ҳиҷоби дил равшан нашавад
Натавон кард чу ойина намад пӯши маро
Корам аз кам сухании ғунчаи сифат дар гиреҳ аст
Карда умрӣаст ҳисории лаби хомӯши маро
Юсуфи бахти ман аз чоҳ бурун хоҳад шуд
Накунад ҷӯши харидори фаромӯши маро
Сидои шиква ағёр хамӯшам накунад
На нишонди сухани сарди кас аз ҷӯши маро