Мурғ бе болами гулистон кӣ ҳавас бошад маро
Хандаи гули чоки девор қафас бошад маро
Илтимоси сӯзан аз исои Марям кӣ кунам
Гар ба нақши кафши пое дастрас бошад маро
Кӣ шавам побаст тору пуди худ чун анкабут
Қӯти парвоз агар ҳамчун магас бошад маро
Ғунча нашукуфтаро гулчин ба сари барад аз чаман
Ҳамчуи гули ҷо дар миёни хор ва хас бошад маро
Нест сайёдӣ ки дар домаш кунам худро асир
Шукрҳо гӯям агар ҷо дар қафас бошад маро
эй ки мегӯйӣ хамӯшӣ сади роҳ қисмат аст
намекунам фарёд агар фарёдрас бошад маро
Корвони буи пероҳан намеояд зи Миср
Нолаҳо дар дили гиреҳ ҳамчун ҷарас бошад маро
Аз чаман умрӣаст давр афтодаам эй боғбон
Чокҳои перҳани чок нафас бошад маро
Аз тамошои чамани сар дар гиребон карда ам
Ғунчаи гул дар назари ҳифз нафас бошад маро
Аз чаман зинҳор по берун манеҳ эй андалеб
Дар гулистони ғунчаҳои нимрс бошад маро
Панҷаи умеди пои саъии кӯтаҳ кӣ кунам
Гар ба шохи орзӯҳо дастрас бошад маро
Рӯзеи мурғи дарун байза бошад бе ҳисоб
Ризқ аз андозаи берун дар қафас бошад маро
Дар ба рӯй орзӯҳо бастаам чун сидо
То ба кӣ чашми тамаъ бар даст кас бошад маро