эй гули имрӯзи ту ҳам базми ҳарифон шуда Эй

Шуълаи ҷони ман бесару сомон шуда Эй

Даст бар даст сабу карда хиромон шуда Эй

Шӯху михўораҳу шабгард ва ғазал хон шуда Эй

Чашми бади давр ки срФтнаҳи даврон шуда Эй

эй ки дар кулбаам аз давр чу ма май тобӣ

Гоҳ дар хирмани ман оташ ва гоҳе обӣ

Бо вуҷӯдӣ ки чу наргиси ҳамаи дам дар хобӣ

Ҳарчӣ дар хотир ҳаркас гузарад май ёбӣ

Хуши адоёби адоФҳму схндон шуда Эй

Рухи худро ма тобанда наме донистӣ

Ба худ ин мартаба зебанда наме донистӣ

Ҳамчуи гули ҳарф пароканда наме донистӣ

То парерӯз шикарханда наме донистӣ

Ин замони соҳиби чандини шкрстон шуда Эй

Ғунчаи боғи Зулайхоӣ маломат зада аст

Буии пероҳани гули гург фалокат зада аст

Миср дар пеши рахти гулшан офат зада аст

Юсуф аз қофилаи ҳасани ту ғорат зада аст

Ба дуоӣ ки чунин соҳиби сомон шуда Эй

Ҳеҷ ҳарфии з китобӣ нишнидӣ ҳаргиз

Нози таълим муаллим накашидӣ ҳаргиз

Гулӣ аз акси рух хеш начедӣ ҳаргиз

Ту ки аз шарм дар ойӣна надидӣ ҳаргиз

Ба ишорат ки ин таври шФохўон шуда Эй

Доштӣ пештар эй шӯх ба ман қаҳру ситез

?наргаст арбадаи ҷӯ буд ва ду лаби шӯрангез

Ин замон бо ман дил хаста шудӣ шикаррез

Аз адои сухан ва аз нигаҳи узромез

наметавон ёфт ки аз карда пушаймон шуда Эй

Сидо карда тамошоӣ батонро соиб

Орзӯи барда чу ту мӯии миёнро соиб

Умрҳо дар талабат гашта ҷаҳонро соиб

Чун фидоӣ ту насозад дилу ҷонро соиб

Ки ҳамон навъ ки май хости ҳамон сон шуда Эй