Чун тоб ба кулбаам эй симтн дароӣ

Доғам шукуфтааст ба сайри чаман дароӣ

эй шамъи базми сӯхтагон дар сухан дароӣ

Як бор беталаб ба шабистони ман дароӣ

Чун буии гули наҳуфта дар ин анҷуман дароӣ

Имрӯзи ҳуш аз ман бемор рафта аст

Ранг аз рухам парида ба якбор рафта аст

Ҷони харобам аз тани аФгор рафта аст

Дасту дилами з диданат аз кор рафта аст

Банди қабои кушода дар оғӯши ман дароӣ

Дар кунҷи хонаи ҷо чу асирон гирифта ем

Хуро ба гӯша ӣӣ зи ҳарифон гирифта ем

Чун шонаи ҷо ба зулфи парешон гирифта ем

Аз давреи ту шоми ғарибон гирифта ем

Аз дар кушода рӯй чу субҳи ватан дароӣ

Парвонаҳо зи шамъи ҷафоӣ ту сӯхтанд

Дар боғи булбулон ба ҳавоӣ ту сӯхтанд

Гулҳоу лолаҳо з барои ту сӯхтанд

Хунини дилони зи шавқи бақоӣ ту сӯхтанд

Хандонтар аз Суҳайл ба хоки Яман дароӣ

Чун сидо ба кӯии ту дигар асир нест

Чашми туро назар ба сӯии ин фақир нест

Парҳез кардан ту азу дилпазир нест

Ойинаро зи суҳбати тӯтӣ гурез нест

эй сангдил ба соиби ширини сухан дароӣ