Дар чамани имрӯзи булбули масти гуфтор худ аст

Кебек дар кҳсорҳои побанди рафтор худ аст

Сарви мағрури қаду гули маҳви рухсор худ аст

Ҳар киро байнам дар олами гирифтор худ аст

Кори ҳақ дар тоқи нисёни монда дар кор худ аст

Дили дарун синаам дар оташи ғам дар гирифт

Нолаи ҷонсӯзи ман офоқро дар бар гирифт

Чархи натавонади маро аз зер хокистар гирифт

Кист аз дӯш касе борӣ тавонад бар гирифт

Гар ҳама исоаст дар фикри хару бор худ аст

Аз шикасти шишаи ғам дар хотир паймона нест

Хонаи фонӯсро пурвои соҳиб хона нест

Зиндагонии ошноёнро ба ҳам ёрона нест

Гиряи шамъ аз барои мотам парвона нест

Субҳ наздикаст дар фикри шаби кор худ аст

Рӯзгорӣ шуд ки дар вайрона Эй ҳастам муқӣм

намекунам пайвастаи ёд аз аҳди ёрони қадим

Ин Нидо омад бурун аз хок Мӯсо кулем

Хизр осудаст аз таъмири девори ятем

Ҳар касеро рӯй дар таъмири девор худ аст

Хона бар дӯшем моро ҳоҷат дастор нест

Пайкари моро либоси тозае дар кор нест

Сидои моро назар бар дасти дунё дор нест

Чашми соиб чун садаф бар абри гавҳар бор нест

Зери бори миннати табъи гуҳари бор худ аст