Чун аз он ҷои панҷ фарсанг бишудем ба шаҳр сувар раседем . Шаҳрӣ буд даркинории дарё , шайхӣ бӯдау онҷои он шаҳрро сохта буд ва чунон буд ки бораи шаҳристони сад газ беш бар замин хушк набӯд , боқии андари оби дарё буд ,у борае сангини тарошида ва дарзҳои онро ба қӣри гирифта то оби дарё дар наёяд ,у масоҳати шаҳри ҳазор дар ҳазор қиёс кардам , ҳамаи панҷ шаш табақа бар сари якдигар ,у фаввора бисёр сохта , ва бозорҳои некӯу неъмати фаровон .
Ва ин шаҳри сувар маърӯфаст ба мол ва тавонгарӣ дармиёни шаҳрҳои соҳили шом ,у мардумонаши бештар шиъаанд ,у қозӣ буд онҷо , мардии суннии мазҳаб , писар АбуАқил мегуфтанд , мардии неки манзару тавонгар . Ва бар дар шаҳри машҳадӣ рост кардаанд ва он ҷо бисёр фаршу тарҳу қнодилу чроғдонҳои заррину нуқраи гини ниҳода ,у шаҳр бар баландии воқеъи сету оби шаҳр аз кӯҳ меояд , ва бар дар шаҳри тоқҳои сангин сохтаанду об бар пушти он тоқҳо ба шаҳр андар овардаанд ва дар он кӯҳи даррае сети муқобили шаҳр ки чун рӯй ба машриқ бираванд , ба ҳаждаҳи фарсанг , ба шаҳр димишқ расанд .