Ва аз Миср чун ба ҷониби машриқи раванд ба дарёӣ қулзум расанду қулзум шаҳрӣаст бар канори дарё ки аз Миср то он ҷои сӣ фарсангаст . Ва ин дарё шохӣаст аз дарёии муҳӣт ки аз адани шикофтаи сӯй шимол равад ва чун ба қулзум расад млоқӣ шавад ва гусаста гардад ва гӯйанд арзи ин халиҷи дивист фарсангаст .

Миёни халиҷу Мисри кӯҳ ва биёбонаст ки дар он ҳеҷ об ва набот нест , ва ҳар ки аз Миср ба Макка хоҳад шуд сӯии машриқ бояд шудан . Чун ба қулзум расад ду роҳ бошад яке брхшкӣ ва яке бар оби он чаҳ ба роҳ хушк меравад ба понздаҳи рӯз ба Макка равад ва он биёбонеаст ки сесад фарсанг бошад ва бештар қофила Миср бидон роҳ равад ва агар ба роҳи дарёи раванди бист рӯзи раванд ба ҷору ҷор шаҳракӣаст аз замини ҳиҷоз бар лаби дарё ки аз ҷор то Мадинаи расӯли слии аллоҳи алайҳу силами се рӯз роҳаст ва аз Мадина ба Маккаи сад фарсангаст ва агар касе аз ҷор бугзарад ва ҳамчунон ба дарё равад ба соҳил Яман равад ва аз он ҷо ба савоҳил адан расад ва агар бугзарад ба Ҳиндӯстон кашад ва ҳамчунон то чин баравад ва агар аз адани сӯй ҷануб равад ки майли сӯй мағриб шавад ба Зангбор ва ҳабаша раваду шарҳи он ба ҷой худ гуфта шавад .