Сифати маду ҷзри Басрау ҷӯйҳои он : дарёии Аммонро одатаст ки дар шубони рӯзии ду бора мад баровард чунон ки миқдори даҳ гази об иртифоъ гирад ва чун тамом иртифоъ гирад ба тадриҷ ҷзр кунаду фурӯ нишастан гирад то даҳ дувоздаҳ газ ва он даҳ газ ки зикр меравад ба Басра бар амӯдӣ бо дид ояд ки онро қоим карда бошанд пои деворӣу ало агар замини ҳомӯн буд ва на баландӣ буд , азим давр баравад . Чунонаст ки диҷлау Фурот ки нарм май раванди чунон ки баъзе мавозиъ маҳсус нест ки ба кадоми тараф май раванд чун дарё мад кунад қурби чиҳил фарсанги оби эшон мад кунад ва чунон шаванд ки пиндоранд бозгаштааст ва ба боло бар меравад аммо ба мавозиъи дигар аз канорҳои дарё ба нисбати баландӣу ҳомӯнӣ замин бошад , ҳар куҷо ҳомӯн бошад бисёр об бигирад ва ҳарҷо баланд бошад кам тар гирад , ва ин мад ва ҷзр гӯйанд таъаллуқ ба қамар дорад ки ба ҳар вақти қамар бар самти рас ва раҷул бошад ва он ъошр ва робъаст об дар ғоят мад бошад ва чун қамар бар ду уфуқ яъне машриқ ва мағриб бошад ғоят ҷзр бошад , дигари он ки чун қамар дар иҷтимоу истиқбол шамс бошад об дар зиёдат бошад яъне мад дар ин авқот беш тар бошаду иртифоъ беш гирад ва чун дар трбиъот бошад об дар нуқсон бошад яъне ба вақти мад улуввааш чандон набошад ва иртифоъ нагирад ки ба вақти иҷтимоу истиқбол буду ҷзрш аз он фурӯтар нишинад ки ба вақти иҷтимо ва истиқбол менишаст , пас бад-ӣн далоил гӯйанд ки таъаллуқи ин маду ҷзр аз қамарасту аллоҳи таъолии аълам .