Ва чун аз хишоб бигузаштем чунон ки нопадид шуд дайгарӣ бар шакли он падед омад аммо бар сари ин хона гунбадӣ набӯд ҳамоно тамом натавонистаанд кардан ва аз он ҷо ба шаҳр мҳрўбон раседем . Шаҳрӣ бузургаст бар лаби дарёи ниҳода бар ҷониби шарқӣу бозорӣ бузург дораду ҷомеъии некӯ аммо оби эшон аз борон буду ғайр аз оби борони чоҳ ва кориз набӯд ки об ширин диҳад . Эшонро ҳавзҳо ва обгирҳо бошад ки ҳаргизи танагӣ об набӯд , ва дар он ҷои се корвонсарои бузург сохтаанд ҳар як аз он чун ҳисорӣаст муҳкаму олӣ , ва дар масҷиди одинаи он ҷо бар минбари номи ёқӯб Лайс дидам навишта . Пурсидам аз яке ки ҳол чигуна бӯда аст гуфт ки ёқӯби Лайс то ин шаҳри гирифта буд валикини дигари ҳеҷ амири хуросонро он қӯт набӯдааст . Ва дар ин таърих ки ман он ҷои расидами ин шаҳр ба дасти писарони боколиҷор буд ки малики порс буд . Ва хорбор яъне мокўли ин шаҳр аз шаҳрҳоу вилоят ҳо баранд ки он ҷо ба ҷузи моҳӣ чизе набошад , ва ин шаҳр боҷгоҳӣасту киштии бандон , ва чун аз он ҷо ба ҷониби ҷануб бар канор дарё бираванд ноҳити туа ва Козирӯн бошад ва ман дар ин шаҳр мҳрўбон бимонадам ба сабаби он ки гуфтанд роҳҳо ноэминаст аз он ки писарони боколиҷорро бо ҳам ҷангу хусумат буд ва ҳар як сиррӣ мекашиданду малик мушавваш гашта буд .