Дигари рӯзи субҳгоҳии киштӣ дар дарёи ронданд ва бар ҷониби шимоли равонаи шудем ва то даҳ фарсанг бишуданд ҳануз об дарё мехӯрданду хуш буд ва он оби шат буд ки чун забонае дар миёни дарё дар мерафт . Ва чун офтоби баромади чизе чун гунҷишк дар миёни дарё падед омад . Чандон ки наздиктар шудеми бузург тар менамӯд ва чун ба муқобил ӯ раседем чунон ки бар дасти чап ба як фарсанг бимонад . Бод мухолиф шуду лангари киштӣ фурӯ гузоштанду бодбони ФрўгрФтнд . Пурсидам ки он чаҳ чиз аст гуфтанд хишоб , сифат ӯ : чаҳорчӯбаст азим аз соҷ чун ҳайати манҷаниқ ниҳодаанд мураббаъ ки қоидаи он фарох бошаду сари он танг ва улувва он аз рӯй оби чиҳил газ бошад ва бар сари он суфолҳоу сангҳо ниҳодаи баъд аз он ки онро бо чӯб ба ҳам баста ва бар мисол сақфӣ карда ва бар сари он чаҳор тоқии сохта ки дидбон бар он ҷо шавад , ва ин хишоб баъзе мегӯйанд ки бозаргонии бузург сохтааст баъзе гуфтанд ки подшоҳӣ сохтаасту ғараз аз он ду чиз бӯдааст яке он ки дар он ҳудӯд ки онаст хокӣ гӣрандаасту дарёи тнк , чунон ки агар киштии бузург ба он ҷо расад бар замин нишинаду шаби он ҷо чароғ сӯзанд дар обгинаи чунон ки бод дар он натавонади вазаду мардум аз даври бенанд ва эҳтиёт кунанд ки каси натавонади халос кардан , дувуми он ки ҷиҳат олам бидонанд ва агар дуздӣ бошад бибинанд ва эҳтиёт кунанду киштӣ аз он ҷои бгрдоннд .