Ва бисту сиўми шаҳри рабиъи алохр ба шаҳр Қойин раседем . Аз тун то он ҷои ҳаждаҳ фарсанг медоранд аммо корвон ба чаҳор рӯз тавонад шудан ки фарсангҳои гаронаст . Қойини шаҳрии бузург ва ҳсинасту гирди шаҳристон хандақӣ дораду масҷиди одина ба шаҳристон андараст ва он ҷо ки мқсўраҳаст тоқии азим бузургаст чунон ки дар хуросон аз он бузург тар надидам ва он тоқ на дархури он масҷидасту иморати ҳамаи шаҳр ба гунбадаст . Ва аз Қойин чун ба ҷониби машриқи шимоли раванд ва ба ҳаждаҳи фарсангӣ зўзнасту ҷанӯбӣ то Ҳироти сӣ фарсанг . Ба Қойин мардӣ дидам ки ӯро АбуМансури мҳмдбн дӯст мегуфтанд аз ҳар илмӣ бо хабар буд . Аз тибу нуҷуму мантиқи чизе аз ман пурсед ки чаҳ гӯйии беруни ин афлок ва анҷум чист . Гуфтам номи чиз бар он уфтад ки дохили ин афлокаст ва бар дигар на . Гуфт чаҳ гӯйии берун аз ин гунбадҳо маънӣаст ё на . Гуфтам чора нест ки олам маҳдӯдасту ҳад ӯ фалаки алоФлоку ҳади онро гӯйанд ки аз ҷуз ӯ ҷудо бошад ва чун ҳол дониста шуд воҷиб кунад ки беруни афлок на чун андарун бошад . Гуфт пас он маъниро ки ақл исбот мекунад ниҳоятаст аз он ҷониб агар на агар ниҳояташ ҳаст то куҷост ва агар ниҳояташ нест номутаноҳӣ чигуна фанои пазирад ва аз ин шеваи суханӣ чанд мерафт ва гуфт ки бисёр таҳайюр дар ин хӯрдаам . Гуфтам ки нахурдааст . Фии алҷмлаҳ ба сабаби ташвишӣ ки дар зўзн буд аз ҷиҳати убайди Найшобӯрӣу тамарруди раиси зўзни як моҳ ба Қойин бимонадаму рикобдори амири гӣлакиро аз он ҷо боз гардонидам . Ва аз Қойин ба азми сарахси беруни омадем .