Гӯйем ки чу маволед аз наботу ҳайвони андари олам « падед » ояндааст ба сӯратҳоӣ ки он сӯратҳо бар ИМАот – ки он табоиъаст – несту маволедро ҳаётасту ИМАот мӯотасту андари муддатии замонӣ ҳар чизеро аз он ба камоли хеш расӣданаст – чаҳ аз мардум ва чаҳ аз ҷузи мардум – ва пас аз он ҳам бидон тадриҷ ки пайдо омаданаш бар он буд нопадид шавандааст , чунонкии худои таъолӣ ҳаме гуяд андари эҷоду эъдоми мардум , қавла : ( аллоҳи алзии хлқкми ман заъфи сами ҷаъли ман баъди заъфи қувваи сами ҷаъли ман баъди қувваи зуъафоу шебаи ихлқи мо ишоу ҳўи алълими алқдир ) , бар хирадмандон воҷибаст ки ҳоли хеши бози ҷӯянд то аз куҷо ҳаме оянду куҷо ҳаме шаванд ва андеша кунанд то бибинанд ба чашми басирати мари хештанро андари сафарии раванда ки мари он рафтанро ҳеҷ дирангӣ ва истоданӣ нест , аз баҳри онкӣ то мардуми андари ин оламаст , аз ду ҳаракати афзоишу коҳиш холӣ нест , ва ҳаракат набошад магари андари замон ,у замони чизи муҳаррик ба ду қисматаст : яке аз ӯ гузаштаасту дигари но омадааст ,у миёни ин ду қисми замон ки мари чизи мутаҳаррики рост , барзахӣаст ки он қисмат пазир нест , бар мисоли хаттӣ ки миёни офтоб ва соя бошад ки на аз офтоб бошад ва на аз соя ,у мари он барзахро ки миёни ин ду қисми замон (аст ) ба тозӣ « алон » гӯйанд ва ба порсӣ « акнӯн » гўиндшу мар ӯро ҳеҷ баъдӣ ва кашидагӣ нест ва ӯ на аз замон гузаштааст ва на аз замони оянда , бал ки ин номи мари он барзахро ки ӯ акнӯн номаст , ба гаштани аҳволи ҷисми мутаҳаррики воҷиб омадааст ва ду замони бад-ӣни барзахи мари чизи мутаҳаррикро аз якдигари ҷудо шудааст ва бар ин ( маънии андари ин китоб ба ҷои хеш сухан гуфта шавад . Ва чу мардум ) мари хештанро ба ҳамаи умри хеш бар барзах акнӯн ( ҳаме ёбаду замони гузашта бар ӯ ҳаме ) фазояд - бидонча адади ҳркотш ҳаме фазояд ҳар соъатӣу замони чизи мутаҳаррики адад ( ҳаракот ӯст - )у замони ояндааш нуқсони ҳамеи пазирад , ҳаме донад - агар хирадмандаст - ки ӯ бар мисол мусофирӣаст ( кандар ҳама ) замони хеши мар ӯро бар як ҷои чашми захмии диранг мумкин нест кардан то аз ин хат ки замон ӯст дар нагзарад ( ва ба нуқтаи нуқта ) акнӯнҳо мари ин хатро нпимоид . Пас бар ин мусофири хирадманд воҷибаст ки боз ҷӯяд то аз куҷо омадааст ( ва ) чу донист ки аз куҷо омадааст , маълум ӯ шавад ки куҷо ҳаме шавад ва чу донист ки куҷо ҳаме шавад , маълум ( ӯ шавад онҷо ) ки ҳаме шавад мар ӯро ба чаҳ чиз ҳоҷат хоҳад бӯдану зод мусофирон баргирад ки мусофир безод аз ҳалок бар хатар бошаду худои таъолӣ ҳаме гуяд , қавла : (у тзўдўои ?фони хайри алзодолтқўӣ ) ,у андари ин қавл ки ҳаме гуяд : зод баргиред , пӯшида гуфта шудааст ки шумо бар сафаред . Ва чу ҳол инаст ва мо мари бештари мардумро андар нигаристан андари ин боб ғофил ёфтему нодонони уммати мари ҳақро хор гирифта буданд ва бар амсолу завоҳири китоби худои истодау ммсўлоту бўотнро аз он дасти боздошта ва бар маҳсусоту ксоиФ фитна гашта ва аз маъқӯлоту латоифи даври мондау мари ҳавасҳоро ки ба ҳавои мухталифи хеши раёсати ҷӯёни андари дайн истихроҷ кардаанд , фиқҳи номи ниҳодау мари доноёнро ба илми ҳақоиқ ва ( мари бинандагонро ба чашм ) бсоӣр ва ( мар ) ҷуиндагони илми ҳақроу ҷудокунандагон ҷавҳари боқии собитро аз ҷавҳари фонии мустаҳил , мулҳиду бади дайну қарматии номи ниҳода , воҷиби дидеми мари ин китобро андари ин маънии таълӣф кардан ва ном ниҳодем мари ин китобро ба зоди алмсоФру ёрӣ бар тамом кардан ин китоб аз худои хоҳем ба миёнҷии худованди замони хеш , маъаад абӣ темем аломоми алмстнсри биллоҳи амири алмўмнин - салавоти аллоҳи алайҳу алии обоӣаҳи алтоҳрину абноӣаҳи алокрмин -у хирадмандонро бинмоӣем ба бурҳонҳои ақлӣ ва ба ҳуҷҷатҳои халқӣ ки омадани мардум аз куҷост ва бозгаштан ба чист ва зоҳир кунем ба оятҳо аз китоби худои таъолӣ ки қуръонасту расӯли Мустафо ( с ) бидон фиристода шуд сӯии халқ то мари эшонро аз ин хоб ки бештари мардумони андари он ғарқаанд , бедор кунад . Ва нодонони уммат ки бар ҳавои хеши мтобъи рой ва қиёс шуданд , аз расӣдан ба илм илоҳӣ бидон бозмонданад ки муддаӣонро андари имомат ки он натиҷаи набувват буд мтобът карданд ва бидон аз маъонии рамзҳои китоби худоӣ ( даври монданд , чунонкии худои таъолӣ ҳикоят кунад ) аз расӯли хеш ки бадв – субҳона – бинолед аз қавмӣ ки маъонии қуръонро даст ( боздоштанд ва бар амсоли бёистоднд , бад-ӣн ) оят , қавла : (у қол алрасул ирби ани қавмии атхзўои ҳозои алқрءони маҳҷӯр ) ( ва ) васият ( мо мари хирадмандонро ) онаст ки мари ин китобро ба оҳистагӣ тааммул кунанд то зоди хешро андари ин сафар аз ӯ биёбанд ва баргиранд ( ва чу биёбанд бидонанд ) ки мисли мо андари берун овардан ин илми латифу душвор ва боиста мисли касеаст ки ( чоҳҳои жарфи бикунад ) ва коризҳои азими бабрад , то мари об ( хуш )ро аз чоҳу қаъри хок бар ҳомӯн баранд то ташнагон ( мусофирон бидон барисанд ) ва ҳалок нашаванд , мари ин чашмаи оби хушро аз девонагони уммат сиёнат кунанд то мари инро ба ҷаҳл (у сФаҳ ) палид ва тира накунанд , бал ба хоку реги бинборндш . Ва тавфиқ аз худоӣаст бар гуфтори савоби андар ( иршод ) халқ . Анаи хайри муваффақу муайян .

Қавли нахустин : андари қавл ки он дар илм ҳозиронаст .

Қавли дувум : андари китобат ки он дар илм ғоибонаст .

Қавли сиўм : андари ҳавоси зоҳир .

Қавли чаҳорум : андари ҳавоси ботин .

Қавли панҷум : андари ҷисму ақсом ӯ .

Қавли шашум : андари ҳаракату анвоъ ӯ .

Қавли ҳафтум : андари нафас .

Қавли ҳаштум : андари ҳиўлӣ .

Қавли нуҳум : андари макон .

Қавли даҳум : андари замон .

Қавли ёздаҳум : андари таркиб .

Қавли давоздаҳум : андари фоилу мунфаил .

Қавли сездаҳум : андари ҳдси олам .

Қавли чаҳордаҳум : андари исботи сонеъ .

Қавли понздаҳум : андари сонеъи олами ҷисм ки чист .

Қавли шонздаҳум : андари мубдиъи ҳақ - субҳона – вмбдъ .

Қавли ҳафдаҳум : андари қавлу китобати худоӣ .

Қавли ҳшдҳм : андари лаззоту исботи он .

Қавли нӯздаҳум : андари иллат будаш олами ҷисм .

Қавли бистум : андари онкӣ чаро худои олам (ро ) пеш аз онкии офарид , наёфарид .

Қавли бист ва якум : андари чигунагии пайвастани нафас ба ҷисм .

Қавли бисту дувум : андар чарое пайвастани нафас ба ҷисм .

Қавли бисту сиўм : андари исботи мхсс ба даллолоти мухтас .

Қавли бисту чаҳорум : андар буд ва ҳаст ва бошад .

Қавли бисту панҷум : андари онкии мардум аз куҷо омаду куҷо ҳаме шавад .

Қавли бисту шашум : андари шарҳи мазҳаби таносух .

Қавли бисту ҳафтум : андари исботи савобу уқоб .