Ёрб чаҳ шуд он дилбари айёраи мо ро
Козрд ба ҳиҷрони дили сад пораи мо ро
Бар авҷи саодати ту нигаҳи дори худоё
Аз нақсу заволи он шаҳи сайёраи мо ро
Бо теғи ҷафо , даст фироқаш бигушоед
Ҳрдми ҷигари хастаи хунхораи мо ро
Дорем умедӣ ба раҳи лутфи илоҳӣ
Корд ба сари он бахти ситамкораи мо ро
Дар гӯши дил ӯ ба наоне ки расонад
Ҳоли дили саргаштаи овораи мо ро
Дар олами таҳқиқ чу назора ман ӯст
Ман нозирам ӯ манзари назораи мо ро
Ҷузи васли рухи дӯст дар ин даври насимӣ
Чора ки кунад ин дили бечораи мо ро