Дар замирами рӯзу шаби нақши ту май бандади хаёл
Ҷузи ту нақшӣ дар хаёлам сӯратӣ бошад маҳол
Ҳаст бо ишқати марои пайванди ҷонӣ то абад
Ҷовдон зон бо туам ҳарҷо ки ҳастам дар висол
Ҷони ман бо меҳри рӯят улфатӣ дорад чунон
Каз вуҷӯди хеш ва аз кун ва макон дорад малол
Дорам аз хуршеди рӯяти оташӣ дар ҷону дил
Вази хаёли нақши абрӯӣ ту ҳастам чун ҳилол
Қомати сарви гули андоми ту дар боғи биҳишт
Бишиканади бозори тӯборо ба ҳади эътидол
Орзӯманди ҷамоли каъбаи васли туро
Оташи шавқи ту дар ҷони хуштар аз оби зулол
Воқифи сар « саводи алўҷаҳи фии алдорин » ҳаст
Ҳар ки ин маънӣ биҷуст аз абҷади он зулфу хол
Пеши рухсорати гул аз шарм об гардад дар замон
Гар кунӣ азми гулистон бо чунин ҳасану ҷамол
Офтобӣ шуд насимӣ дар ҳавоӣ ӯ балӣ
Зарраро хуршед созад ҳиммати соҳиби камол