Ин чаҳ чашмаст ин чаҳ абрӯи ин чаҳ зулфаст ин чаҳ хол ?

Дар мақоми хеш ҳар як дилбарии соҳиби камол

Ошиқи болои дилҷӯй ту шуд сарви чаман

Анбти аллоҳ эйнигор , инаст ҳади эътидол

Вола ва ҳайрон шавад суратгари чинӣ агар

Сӯрати покиза чун рӯй ту орад дар хаёл

Бар ҷамолати масту ҳайронам , надонам чун кунам

Шарҳи он шаклу шамоил , васфи он ҳасану ҷамол

Рухи мтоб аз чашмаи чашмам чу май доне ки хуб

Май намояди акси моҳи бадар дар оби зулол

Чашми даврони ҷуз ба даври зулф ва рухсорат надид

Гашта толеъ дар шаби қадари офтоб бе завол

Бо хаёли зулфу холати ишқ май бозами балӣ

Инат кори ошиқи савдоеи ошуфтаи ҳол

Дар ғам рӯй ту ҳрдми зи оташи дил чун қалам

Дӯди оҳ ва нолаам дар сина май печад чу на?ил

намекунам бар ёди абрӯяти назар бар моҳи нав

Гарчи давраст аз камоли ҳасани абрӯяти ҳилол

Чун насимии васли он гулчеҳрагар дории ҳавас

Дар тан эй ошиқ чу булбул то нафас дорӣ бинол