Нигоро бе сари зулфати парешонам , ба ҷони ту
Ба ҷуз зулфат намехоҳад дилу ҷонам , ба ҷони ту
Ба зулфи ънброФшон , кун алоҷи мо казин беҳтар
Алоҷи ранҷ савдое намедонам , ба ҷони ту
Ба ғайр аз саҷдаи рӯяти зи ман ҳар тоъатии комд
Аз он кирдор бе ҳосили пушаймонам , ба ҷони ту
( маро то ҳудҳуд дил шуд расӯли номаи ишқат
зи осиф бастаам сафҳо , сулаймонам ба ҷони ту )
зи ранҷи фурқату даврӣ , шудам ранҷуру ранҷида
Халосии даҳ аз ин ранҷам маранҷонам ба ҷони ту
Шабу рӯзами хаёли он ки чашмӣ бар ман андозӣ
Висоли ин саодатро нигаҳбонам ба ҷони ту
Макун дарди марои дармон ба сабр эй орзӯии ҷон
Ки ин дармони басӣ талхасту дармонам ба ҷони ту
Баёни ҳасани холи худ ҳам аз ҳасану ҷамоли худ
Бипурс онро , мапурс аз ман ки ҳайронам ба ҷони ту
Парӣу ҳуру моҳу хур , рахтро бандаанд эй ма !
Туро ман чун парӣ хонам намехонам ба ҷони ту
Чу қурси хур , шудам пайдо вале аъамӣ наме бинад
Бибин каз чашми номаҳрам чаҳ пинҳонам ба ҷони ту
Чу ҳастам бандаи ишқат ба малики ?данеу уқбо
Мада аз даст ва мафрушам ки арзонам ба ҷони ту
Ба ёди аҳду паймонӣ ки бастам дар азал бо ту
На аҳдами заррае кам шуд , на паймонам ба ҷони ту
Чамангар зонка менозад ба як домани гули худру
Ман аз гулдастаи рӯяти гулистонам ба ҷони ту
Марои хок дар худ хон вагар хоҳии насимии гӯ
Ба ҳар исмӣ ки мехуоне бихон конм ба ҷони ту