Зулфат шабаст эй симтн ! рӯяти маи тобон дар ӯ
Хати ту пургорӣ ки ҳаст андешаи саргардон дар ӯ
Бе шамъи рӯят кӣ баради ҷони раҳ ба нури маърифат
эй зулфи шаб ! пиромнти куфрӣ ки ҳаст имон дар ӯ
Рӯзӣ ки бошам дар лаҳад эй ҷон ! чу бар ман бигузарӣ
Ҳар зарра аз хокам буд меҳрат ба ҷои ҷон дар ӯ
Бо он ки беҷурму хатои хоҳӣ ба дастони куштанам
Бодои ҳалолати хӯни ман гар менаҳй дастон дар ӯ
Ҷоно ! чаҳ май пурсӣ зи ман ҳоли дили сўдоздаҳ
Аз тир мижгонат бибин бинишаста сад пайкон дар ӯ
Чун чашми таркат эй парӣ ! мардум нишин шуд аз чаҳ рӯ
Ҳар лаҳза роҳӣ мезанад ҷодӯии ҳндстон дар ӯ
Аз чашми гавҳарбори ман андари канори ман нигар
Баҳрӣ ки чандон дар буд покизау ғалатон дар ӯ
Боғӣаст эй дилбар ! дилам , каз қомату рухсори ту
Пайваста май байнами басии сарви гули хандон дар ӯ
Беҷонгдозӣ кӣ буд шабҳо чу шамъ аз сӯзи дил
Ҷое ки оташ дар занад ишқи рухи ҷонон дар ӯ
Донам ки дар сангини дилати дам дрнмӣ гирад , вале
Оҳ ар кунад рӯзии асари оҳи гирифторон дар ӯ
Дорад насимӣ дар ҷаҳон аз ҳастӣ куну макон
Ҷонӣ ки ҳаст аз дилбарони сад дард бедармон дар ӯ