Агар меРом зи нози нозанинӣ

Барафшонам зи шодии остинӣ

Ғуломи накҳати он зулфи гирдам

Ки сунбул ҳаст пешаши хӯшаи чинӣ

Рӯм дар гӯшае чун мардуми чашм

Дар он хилват барорам арбаъӣнӣ

Ба қасди мости чашмати зери абрӯ

Нишаста ҳамчуи туркӣ дар камӣнӣ

Хиради сари даҳон ӯ надонад

Шунидам ин сухан аз хурдаи бинӣ

Нисори хотами лаълаш тавон кард

Агар мулкӣ буд зери нигинӣ

Насимии ҳамчу ҷон дорад гиромӣ

Гараш рӯзӣ ба даст уфтад қаринӣ