эй чун фалак аз ишқи ту саргаштаи сари мо

Савдоӣ ту зад оташи ғам дар ҷигари мо

Будем ҳаводори ту пайваста ва бошем

То ҳаст нишони ту ва бошад асари мо

Бишинав ки чаҳ фарёду фиғон дар малакӯт аст

Аз ёрб ҳар шому дуои саҳари мо

Мо зинда ба ишқи ту аз онем ки нагузошт

Меҳри ту ки як зарра бимонад асари мо

Ҷузи оинаи сӯрат рӯй ту набошад

Ҳар зарра ки ёбанд зи хоки басари мо

Носӯхта аз ҳастӣ мо хушк ва тарӣ нест

эй оташи савдои ту дар хушк ватар мо

Дар пои ту чун оби равон то шуда пастем

Аз сояи сарви ту баландаст сари мо

Чун мамлакати ҳасани туро ҳад ва карон нест

Дар ишқи рахт кӣ ба сар ояд сафари мо ?

эй карда ба маи нисбати рӯйиш магарат нест

Аз рӯй худои шарму з рӯй қамари мо

Ҷуз рӯй ту дар дидаи мо рӯй ки ояд ?

эй оинаи сӯрати рӯяти назари мо

эй дида хўнбор барон аз мижаҳо сайл

Зон пеш ки тӯфон шавад аз раҳгузари мо

Хоки қадами фазли худо ар шӯй эй ҷон

Монанди насимии бабрии симу зари мо