Ин пеши хайли каҷи каллаон аз сипоҳ кист ?
Венаи қибла ӣӣ ки каҷ шудаи тараф кулоҳ кист ?
Домани кашон чу абр ба гулзор ме равад
То оби наргис киу барқ гиёҳ кист ?
Поем ба пеш аз сари ин кӯ наме равад
Ёрон хабар диҳед ки ин ҷилва гоҳ кист ?
Он абрӯӣ кашида камон аз чаҳ хона хост
Венаи ғамзаи гирифтаи камӣн дар паноҳ кист ?
Гирам табассумат кунад инкори куштанам
Он ғамзаи ҳариси сиёсат гувоҳ кист ?
Гирди сари ту гаштану мурдани гуноҳи ман
Дидани ҳалоку раҳм накардан гуноҳ кист ?
Бар бод дода турраи зи рухсори ёр гар
Лухти ҷигар ба ҷайб ки , гул дар нигоҳ кист ?
Аз каф ба узри доману дастат наме даҳум
Донистаам ки гӯшаи чашмат ба роҳ кист ?
Каф мекашад ба зулф ва намегуядаш касе
Кони зулф дар ҳам аз асари дӯд оҳ кист ?
Чун бугзарад « назирӣ » хунини кафан ба ҳашар
Халқӣ фиғон кунанд ки ин додхоҳ кист ?