Ҳузур вақт намеёбаму ҳаловати фарз

Дилам ба қаҳри ту раҳнасту ҷони зи лутфи ту қарз

Ба ҳам баромада аз шухии ту авқотам

На суннатами зи ту суннат буд на фарзами фарз

Фалак ҳиҷоб дуоем намешавад аммо

Ба ғамзаи ҳоҷати абрӯ наме намояди фарз

Сухан ки аз дили шӯрида бар забон ояд

Ба расми тӯҳфаи малик бар самои барад аз арз

Ба шукри неъмати ту барнаме тавонам хост

Ки то ба гарданам аз бори миннатат дар қарз

Мисоли мо гули хандон ва сарв озодаст

Дарин ҳдиқаҳ ба тӯласт айши мо на ба арз

Ба фазл ӯст « назирӣ » чу музди кори охир

Муаллими малакӯтат ба илм кардам фарз