Нолами зи чарх агар на бар афғон хӯрам дареғ
Гарем ба даҳр агарна ба тӯфон хӯрам дареғ
Бар гули шукри нишонду хӯн ҷигар диҳад
Бар суфраи сипеҳр ба меҳмон хӯрам дареғ
Субҳам ки бар сабӯҳи худами хондаи рӯзгор
Хандам ба танз ва бар лаб хандон хӯрам дареғ
Меҳмони мсрФм ки ба мумсик расида ам
Бар марги мизбон ба сар хон хӯрам дареғ
Бо ҷоҳилони мъҷбми афтодаи ихтилот
Таҳсин кунам ба зоҳир ва пинҳон хӯрам дареғ
Корам ба дӯстии риёе фитода аст
Дар марги дӯстон ба гиребон хӯрам дареғ
Бемории заъифи хирадро алоҷ нест
Бо ҳикмати Масеҳ ба дармон хӯрам дареғ
Душвор кам шавад агар афсӯс кам хӯрам
Мушкил аз он фитода ки осон хӯрам дареғ
Бозоӣ то ба пои ту резами нисори хеш
Ман он ним ки баҳри ту бар ҷон хӯрам дареғ
Шӯробае ки бар лабам аз дидагон чакад
Дунам агар ба чашма ҳайвон хӯрам дареғ
Дар оҳу нолаи умр « назирӣ » ба сар расед
Сайри омадами зи бас ки парешон хӯрам дареғ