Рухи намо то рӯнамои ҷони оварем

Арза кун имон ки имони оварем

Пеши куфри зулф ва рӯй бути шикан

Ҳасани аҳду сидқи паймони оварем

Буии дармон бардаем аз роҳи дард

Ҳам зи роҳи дарди дармони оварем

Ҷони ҷонон дар миёни ҷон буд

Аз дами ҷони буии ҷонони оварем

Шоҳиди мазмуни мо унвони мост

Шарҳи аҳволи парешони оварем

Қавли мо ойӣнаи асрори мост

Ҳуҷҷатӣ бар завқи ирфони оварем

Булбулони ҳинди нохуш нағма анд

Андалебӣ аз хуросони оварем

Ҳаст Найшобӯри кони хуши намак

Ин малоҳат зон намакдони оварем

Ёр агар сомони кор мо кунад

Кор бесомон ба сомони оварем

Хотириро каз парешоне гурехт

Аз пушаймонии пушаймони оварем

Ҳасан беандозау миқдор ро

Ишқ беоғозу поёни оварем

Дафтари ваҳй « назирӣ » дар бағал

Ршги бустону гулистони оварем