Дерӣаст берун рафтаам аз ихтиёри хештан

Бинишастаам андӯҳгин дар интизори хештан

Гар аз айёри ҳоли худ дар маҷлис изҳорӣ кунам

Соз аз мақом худ фитад ман аз айёри хештан

Машраб мусоҳиб мекунад варна тафовут бе ҳадаст

Ту масти ҳасану нози худ ман дар хумори хештан

То рафтам аз кӯии Муғон дар ман ғарибӣ кор кард

Ҳаргиз намеояд марои ёди диёри хештан

Тавфиқ агар ёрӣ кунад дар зуҳди хушки оташи занам

Зоби вараъ сӯз оварам рангӣ ба кори хештан

Сайлоби мастии сари даҳум то бех ҳастӣ барканд

Як борагӣ фориғ шавам аз хори хори хештан

Гар бар сар сулҳ оварад рӯзии пушаймонии ту ро

Чандон бгрим каз дилат шавем ғубори хештан

Гар пеш мехондӣ муроди завқ маро ме ёфтӣ

Нақши харобӣ мондаам аз ёдгори хештан

Он шаб ки дар хӯн хуфта ам донам шаб осӯдагӣ аст

Кам рӯзи роҳат дидаам аз рӯзгори хештан

Як рӯзи бурқаъи брФкни инсоф муштоқон бидиҳ

Халқи ҷаҳонро кардае умедвори хештан

Маъшӯқу ошиқро ба ҳам нозӣ « назирӣ » лозим аст

Душман намебошад касе бо дӯстдори хештан