Аз паии ошӯби мо , дар зулф дорад шона ро
Шӯриши занҷир дар шӯр оварад девона ро
Ҳасани бунёди муҳаббат бар парешонеи ниҳод
То ншўрди хокро деҳқон наризад дона ро
Ҳуру ҷинати ҷилва бар зоҳид диҳад дар роҳи дӯст
Андаки андаки ишқ дар кор оварад бегона ро
Ишқ комил нест то дар банди молу масканӣ
Он замони оташ илм гардад ки сӯзади хона ро
Ҳарчӣ худро зад ба оташи айни оташи гашт ва рафт
Дар ҳақиқати шуълаи бол ва пар шавад парвона ро
Ҷои як нохуни дурустӣ дар саропоем намонад
Ҳар замони девонаи вайрон тар кунад вайрона ро
Гар равад ишқ аз мизоҷи пери лиззат кӣ равад
Буи май боқӣ буд чун башиканӣ паймона ро
Уқдаи дил дар шиканҷ турра накушояд ба ақл
Як гиреҳ зон зулфи дарҳами бишиканади сад шона ро
Саргузашти аҳди гулро аз « назирӣ » бишанвед
Андалеби ошуфта тар мегуяд ин афсона ро