Дерӣаст зи гӯшаи ниқобӣ
Дорем умеди фатҳи бобӣ
Аз зулфи каҷаш ба ақди ангушт
Завқаст гирифтани ҳисобӣ
Вонгаҳ ба нишони бӯса кардан
Аз сафҳаи рӯйиши интихобӣ
Ҳрдм ба гулоби поши мижгон
Бар ҷайб фишондаш гулобӣ
Аз дидатар бар он биногваш
Ғалатон дидан дар хўшобӣ
Арзад ба нишони сад сулаймон
То бе кандан зи лаъл нобе
Ангушт намой шаҳрам аз вай
Ҳар дам ба навозиши хитобӣ
Мтъўн дорад миёни халқам
Ҳар рӯз ба шӯҳрати итобӣ
Дил ҳар гила каз тағофулаш дошт
Сар шуд ба надодани ҷавобӣ
Розӣ ки ба сад даҳон нагунҷад
Гардид баён ба изтиробӣ
Бо дӯстгар иттиҳоди хоҳӣ
Аз хеш « назирӣ » иҷтинобӣ