Бе ту дӯшам дар дарозӣ аз шаби ялдои гузашт

Офтоби имрӯз чун барқ аз сарои мо гузашт

Неш хорӣ нест каз хӯни шикорӣ сурх нест

Офатӣ буд ин шкороФкни казин саҳрои гузашт

Шавкати ҳасанаш касеро рухсати оҳии надод

Гарчи ҳар сӯи додхоҳӣ буд , ӯ танҳо гузашт

Ҷилва аш нанамуд аз баси маҳв рафтораш шудам

Нола ам нишнид аз баси гарми истиғнои гузашт

Хостии ошуфтагии дастори бурдан аз сараш

Бас ки сармаст ва ба худ мағрур ва бе парвои гузашт

Бо парешонон чаҳ гӯям , савлати ҳиҷраш чаҳ кард

Бод яъсӣ омад ва бар дафтари дилҳо гузашт

Бози имшаб бо саги кӯяш « назирӣ » ҳмрҳст

Шавкатӣ дидам ки пиндории ҷаму дорои гузашт