Гар дил ба фиреб нафаст аз по баравад

Магузор ки ним гом аз ҷо баравад

Бо масканати ту гар намесозад нафас

Пеши қадамаши кафши буна то баравад