Мо бандагон на дар хури ин поя бӯда ем
Гӯии саодат аз карами шаҳ рабӯда ем
То дидаем дида бар ин дар фиканда ем
То бӯдаем ҷабҳа бар ин хок суда ем
Чашми тамаъи зи неку бади халқ баста ем
То дидаи ниёз бар ин дар гушӯда ем
Бехидматӣ ба суфра неъмат нишаста ем
Бетоъатӣ ба бистари роҳат ғунуда ем
Гомӣ нарафта домани мақсад гирифта ем
Тухмӣ накушта ҳосили матлаб дуруда ем
Бар мо дар физоиши неъмат гушӯда анд
Чандон ки мо ба ғифлат ва ътлт фузуда ем
Моро баҳонаи карам хеш карда анд
Варна сазои ин ҳамаи эҳсон набӯда ем