Субҳ боз омаду шаби гашти ниҳон

Мавкиби рӯз басар орост ҷаҳон

Боз аз ҳар тарафи асҳоби баҳор

Ғорат оварад бар аФўоҷи хазон

Мавкиби шоҳи ҷаҳон дар ҷунбиш

Тавсани фатҳу зафар дар ҷавлон

Малик дар малики ҷаҳони зери нигин

Ҷяш дар ҷяши сипаҳ дар фармон

Шаҳр дар шаҳр хароҷасту манол

Дашт дар дашт рикобасту Аннан

Ганҷ дар ганҷи ямин то ба ясор

Хайл дар хайли карон то бикрон

Миллат аз Аҳмаду ойини зи алӣ

Ҳиммат аз шоҳу зафар аз яздон