Охир эй дӯсти куҷое ки чунонам бе ту

Ки сар аз пойу шаб аз рӯз надонам бе ту

Иштибоҳӣ бинмоанд ки туе ҳастӣ ман

Чун ки аз ҳастӣ худ нест гумонам бе ту

На ҳамон булбули девонаи ишқам ёрб

Ки чунин бастаи лабу гунги забонам бе ту

Меҳри паймони ту бар дида ва дил биниҳодам

Хок дар чашми дил ва дида фишонам бе ту

То ба хизмат нарасм боз набинам рӯят

Кофарамгар нафасии хуши гузаронам бе ту

Чаҳ аҷабгар ту шабии зиндагузорӣ бе ман

Аҷаби он рӯз ки ман зиндаи бимонам бе ту

Шафқатӣ кун ки дилам бар сар по мунтазираст

Марҳамат кун ки равонаст равонам бе ту

Нотавонам чаҳ кунам бе ту наме ёрам буд

Чанд гӯям натавонам натавонам бе ту

Ҳам ба умед ту хоҳам ки бимонад ҷонам

Ки на аз марги бтар суҳбати ҷонам бе ту

Аз сабо пресс шабии ҳол нзорӣ назор

То нишоне диҳад аз ному нишонам бе ту