Моро зи даҳони ту наботӣ

Яъне ки ба бӯсае баротӣ

Шукрона ӣ рӯзгори худ ро

Аз гӯша ӣ лаб бидиҳ закотӣ

Ширинтар ва нағзтар набошад

Дар Мисри азин шукри наботӣ

Дар чашма ӣ офтоб набӯд

Чун лаъли ту чашма ӣ ҳаётӣ

Биншин бар мо дамӣ ки бархест

Аз чашма ӣ чашми мо Фуротӣ

Бар ваъда ӣ интизори васлат

То сабр кунем кӯи саботӣ

эй ёр ба чашми поки бозон

Аз ҷониб мо кун илтифотӣ

Ин ишқ на бар лаб ва даҳонаст

Ба зин бишинав змни сифотӣ

Мустағриқ ишқ чист доне

Зотӣ шудаи муттаҳид ба зотӣ

Худбинӣу орзӯи парастӣ

Рҳёбӣу парваридаи лотӣ

Башитоб нзорё дар он кӯш

Каз хештанат буд наҷотӣ

Зин наҷад ба ваҷд бар сари ое

Мағрур машав ба мускиротӣ

То зиндаи шӯии бимир бе марг

Худ бар ҳама воҷибаст мотӣ