Накӯномӣу бадномӣ кадом аст
Чу ишқ омад чаҳ ҷои нанг ва ном аст
Наме тарсим дар ишқ аз маломат
Маломат дар ақаби боло калом аст
Ҳам аз дил фориғем акнӯн ҳам аз ҷон
Ки моро ҷузи ғами ҷонон ҳаром аст
Дар девонагӣ ҳо баргушодем
Ки ақл аз баси тамомӣ нотамом аст
Басии савдои дарин савдои бпхтим
Ҳануз андеша ӣ ин кор хом аст
Сар девонагӣ дорам азин пас
Киро бо мо ҳавои ин мақом аст
Ба тарки хоҷагии гуфтем ва риндем
Агар чаҳ хоҷагӣ бо эҳтишом аст
Касеро хоҷа мехонанд биллоҳ
Ки сад раҳи камтар аз камтар ғулом аст
зи меҳнати кулба ӣ фонии нзорӣ
Ба қасрӣ шуд ки давлат мустадом аст