Агар фироқ набошад чаҳ дӯзах ва чаҳ биҳишт

Чу асли сӯрати маънӣ буд чаҳ хуб ва чаҳ зишт

Агар на бе ту бимонам чаҳ тарсам аз дӯзах

Вагар на рӯй ту байнам чаҳ мекунам зи биҳишт

На воқифами мутақаббил на ҷоҳилами мункир

На аҳли масҷиду миҳробу каъба ва на кунишат

Кунишату каъбаи таъаллуқ ба ваҷҳ сидқ кунад

Равост аз ҳамаи ҷониби ниёзи поки сиришт

Куҷост хоҷаи маҷоли тасарруфи андари ғайб

Ки донад он ки қазо бар сари ман ва ту навишт

Ба он ки омадае рағбатат бар он дорад

Ба ҷаҳд ту нашавад муҳра ӣ булӯри ангушт

Тамаъ макун ки ба кӯшиши дуруст боз ояд

Ба ҷои хеш чу аз колбуд бурун шуд хишт

Вале шароит мо нест нои умед шудан

Ки ҳеҷ банда ба як бори но умед нагашт

Нзорё ба нафаси тозаи дори ҷони умед

Ки сад ҳазор дуруд ва яке з ҷумла накишт