Ба дидори ту муштоқам ба ғоят
Надорад орзӯмандии ниҳоят
Агар хоҳӣ туоне тофт бар мо
Аноне аз сари лутфу аноят
Биё биншин дамӣ бо мо чунон кун
Ки шурӣ бар нахезад зини ҳикоят
Шунида сетӣ ки дар афвоҳ бошад
Гули нами дидаро обии кифоят
Баровардӣ дамор аз ман фироқат
Хаёлат гар намекардӣ ҳимоят
Шабӣ то рӯз мехоҳам ки бо ту
Кунам ҳар гӯна аз ҳиҷрони шикоят
Накардӣ ҷониби мискини нзорӣ
Ба андаки моя беш ва кам риоят
Макун шухӣ ки чандин бе вафое
Ба бад номӣ кунад охири сироят