Замона гарчи басӣ бар серуми ниҳод
Каманди зулфи ту борӣ дигар ба дастам дод
Хушо ҳаёт ба рӯят ки зинда зон нафасам
Ки бо ту бози мулоқотам иттифоқ афтод
Балии ҳусӯли мурод аз ҳаёти ҷисмонӣ
Дмист дар назари ҳамдамӣ , дигар ҳамаи бод
Рафиқи ҳамдами мо дар сафари хаёли ту буд
Ки офарини худо бар рафиқи ҳамдами бод
Биҳишти аҳл сафо чист ? рост гӯям нест
Магари дарӣ ки ба дидор дӯстон бикшод
Даҳон ба чашмаи нӯши ту то даровардам
Аз он замони зи лаб кавсарам наомад ёд
Ба бандагии ту то кардаам қадами собит
Ба қомати ту ки ҳастам з ҳарчӣ ҳаст озод
Нахусти толиби ҳаҷи тарк сар гирифт он гуҳ
Қадам ба азми матин дар тариқи каъбаи ниҳод
Тамаъ ба суҳбати ширини хато буд кардан
Ба тарки ҷон гиромӣ накарда чун Фарҳод
Нзорё ба сабот қадам макун даъвӣ
Ки хона бар гузар сайл менаҳй бунёд
Маҳали панҷаи сабри ту пеши бозуии ишқ
Чунон ки мум буд дар баробари пӯлод