Ҳиҷр бо рӯзгори ман он кард
Ки сифати ҷуз ба васл натавон кард
Ба ду зулфат ки рӯзгори маро
Гоҳи маҷмӯу гуҳ парешон кард
Ба ду чашмат ки малики паймон ро
Гоҳи маъмуру гоҳ вайрон кард
Ба камони ду абрӯят ки маро
Бар дил аз ғамзаи тир борон кард
Ба ду лаъли лабат ки ҷавҳари ақл
Лақабаши рашки зода кон кард
Ба даҳонат ки мӯъҷизи ду лабаш
Хок дар чашми об ҳайвон кард
Ба насимат ки ҳамчуи рӯҳи аллоҳ
Дар тани мурда аз нафас ҷон кард
Ки ҷаҳон бе вуҷӯди хуррами ту
Бар нзории замона зиндон кард
Бе ҷамоли ҳаёти бахши ту ҳиҷр
Марг бар хотири ман осмон кард