Агар туро сар мо нест айб натавон кард

зи ҷониби ту ризо нест айб натавон кард

Парӣ ба одамӣ ар сари фурӯ наме орад

Балии сазо ба сазо нест айб натавон кард

Вале чу дар расади имтиҳони тасаллути ишқ

Ба тоқат уқало нест айб натавон кард

Агар ба мазҳаби аҳли дил эътиқод кунанд

Назар равост чаро нест айб натавон кард

Чу дар паноҳ ту омад дилам риоят кун

Ба каъбаи сайд раво нест айб натавон кард

Фазои ишқ чу нозил шавад малолат чист

Ҷузи иқтизоӣ қазо нест айб натавон кард

Замона мекунад ин бо нзории мискин

Чу дар замона вафо нест айб натавон кард