Хирадро ки май нанг ва номаш бисӯзад

Бидиҳ то ҳалол ва ҳаромаш бисӯзад

Ба бади гуфтани мо фақиҳи фусурда

Забон дар макаши гӯ ки комаш бисӯзад

Мудом аз паии мо чаҳ тшниъ дорад

Биё гӯ бихӯр то мудомаш бисӯзад

Агар ишқ дар ҷонаш андозад оташ

Рукӯъу суҷуд ва қиёмаш бисӯзад

Агар зоҳн ва санг бошад вуҷӯдаш

Ба як шуълаи худ барқ ҷомаш бисӯзад

Аз ин оби оташи сифати гӯи ду коса

Ба афсурдаи даҳ то тамомаш бисӯзад

Халосаш диҳад аз хаёли мусаввир

Таманнои савдоӣ хомаш бисӯзад

Насимӣ агар аз димоғаш барояд

зи туфи ҳарорат машомаш бисӯзад

Замона агар бар муродам нагардад

зи дӯди нафаси субҳ ва шомаш бисӯзад

Ба оҳӣ ки аз андарунам барояд

Тару хушки мо ло каломаш бисӯзад

Чунон дар вуҷӯди нзории зани оташ

Ки хӯн дар урӯқ ва машомаш бисӯзад