Рӯй ӯ бениқоб хуш бошад

Бе ниқоби офтоб хуш бошад

Турраи дилкашаш ки дом балост

Сунбул осо битоб хуш бошад

Чашми масташ ки фитнаи ҷонҳост

Ҳамчу наргис бихоб хуш бошад

Ҷон ҳиҷобаст васли ҷонон ро

Васл ӯ беҳиҷоб хуш бошад

Талъаташи офтобу хати соя

Сояи офтоб хуш бошад

Дил ҳубобасту ишқи оби ҳаёт

Сӯзи оби ин ҳаёт хуш бошад

Далқи томоту хирқаи парҳез

Ҳар ду раҳни шароб хуш бошад

То набошад итоб Лутфӣ нест

Лутф ӯ бо итоб хуш бошад

Гӯши ҷон чун садафи зи гуфтораш

Пари з дар хўшоб хуш бошад

Бар дар майкада чу нури алӣ

АўФтодни хароб хуш бошад