Дорам бутӣ ба чеҳраи сад моҳу офтоб

Нозуктар аз гултар ва хушбӯтар аз гулоб

Раънотар аз шамоили насрини миёни боғ

Нозиндатар зи сарви сеӣ бар канори об

Дар тоби ҳайрат аз рух ӯ дар чамани саман

Дар хуии хиҷлат аз таб ӯ дар қадаҳи шароб

Шаклӣ ва сад малоҳату рӯе ва сад ҷамол

Чашмӣ ва сад киришмау лаълӣ ва сад итоб

Хуршед дар ниқоби хиҷолат ниҳон шавад

Аз рӯй ҷонФзош агар бар фитад ниқоб

Дар ҳалқаҳои зулфаши ҷонҳои мо асир

Аз чашмҳои масташи дилҳои мо кабоб

Фарёд аз он ду сунбули мишкӣни тобдор

Зинҳор аз он ду наргиси ҷодӯии ним хоб

Ҳргаҳ ки зонуе занаду бода Эй диҳад

Ман ҷон ба бод бар даҳуми он лаҳза чун ҳубоб

Рӯзӣ ки бо манаст ман он рӯз чун убайд

Аз айши баҳраи мандам ва аз умри комёб