Азм куҷо кардае боз ки бархестӣ

Мӯӣ ба шона задӣ зулф биёростӣ

Моҳ чу рӯй ту дид гуфт зиҳии некӯӣ

Сарв ки қад ту дид гуфт зиҳии ростӣ

Оташи ғавғои ишқ чун бинишастӣ нишаст

Фитнаи охир замон хост чу бархестӣ

Дӯш дар он сархушии ҳуши зи мо май рабӯд

Коса ки мидоштии узр ки михўостӣ

Пеш убайд омадӣ мурдаи дилаш зинда шуд

Боз чу берун шудӣ ҷону таниши костӣ