Манам асиру парешони зи ёри худ маҳрӯм

Ғариби шаҳри касону зи диёри худ маҳрӯм

Ба дарду ранҷи фурӯмондау зи давои навмед

Нишаста дар ғам ва аз ғмгсори худ маҳрӯм

Гузидаи суҳбати бегонагону ноаҳлон

зи қавму кишвару элу табори худ маҳрӯм

зи рӯзгори маро баҳра нест ҷузи ҳурмон

Мабод ҳечкас аз рӯзгори худ маҳрӯм

зи оҳ сина бисӯзам агар шавам нафасӣ

зи сайли ин мижаи сайли бори худ маҳрӯм

з ҳар бадӣ ки ба ман мерасад бтар зон нест

Ки мондаам зи худовандгори худ маҳрӯм

Умед ҳаст убайди онкӣ оқибат нашавам

зи лутфу раҳмати парвардгори худ маҳрӯм