Ҳарами пӯёни дариро ме парастанд

Фақиҳони дафтариро ме парастанд

Гуруҳе зишт хуйанд аҳли дониш

Ки зебу зевариро ме парастанд

Аз он даъвӣ ба шайх ва брҳмн монад

Ки ҳар як довариро ме парастанд

Барафкан парда то маълум гардад

Ки ёрони дайгариро ме парастанд

Аҷаб дорем мо аз аҳли исён

Ки домонтариро ме парастанд

Ба ҳар иззат ки ушшоқи маҷозӣ

зи мо худ хуштариро ме парастанд

зи аҳли дарди шӯи урфӣ ки ин ҷамъ

Гиромии гавҳариро ме парастанд