Он кӯ чу ман аз ишқ парешон нанишинад
Бар маснади тавфиқ шаҳидон нанишинад
эй Хизри шикастӣ ба сироят бирасад , хез
Кин тишнагӣ аз чашма ҳайвон нанишинад
Бо он ки Муғонро ҳамагӣ моя шайдост
Дар дайри магас бар лаб меҳмон нанишинад
Гар чошнии шарбати дард ту биёбад
Ҳаргизи магаси дил ба лаб ҷон нанишинад
Урфӣ бирав аз майкадаи мо , ки каси ин ҷо
Ин захми дилу чок гиребон нанишинад