Магари лаби ту қарин шароб ме гардад

Ки об дар даҳан офтоб ме гардад

Чигуна ҳарфи ғами орм ба ин ҳаё бар лаб

Ки шуъла мезанад онҷо ва об ме кардад

Чунон з рӯй ту дидам гули муроди имшаб

Ки заҳри гиря ба чашмам гулоб ме гардад

зи баси хаёли ту оради ҳуҷум бар чашмам

Ба гирд ҳар мижаи сад офтоб ме гардад

Дилат ба ман даҳ , ба рӯй киришмаи рез ва бибин

Ки аз ту дили мардум хароб ме гардад

Чаҳ оташ аст надонам ба синаи урфӣ

Ки дӯзах аз нафас ӯ кабоб ме гардад